Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи якшанбе дар ин маросим афзуданд: Имом Хумайнӣ (раҳ) дар колбуди Фаластин ҷони тозае бахшид ва имрӯз рӯзи Қудс на танҳо дар кишварҳои исломӣ, балки дар кишварҳои ғайри исломӣ низ гиромӣ аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни инки имом Хумайнӣ (раҳ.) дар сатҳи ҷаҳон, таваҷҷуҳ ба маънавиятро ҳатто дар кишварҳои ғайри исломӣ зинда кард, гуфтанд: Маънавият дар дунё таҳти лагадкӯбии бархе қудратҳо буд ва ҳаракати имом маънавиятро дар дунё зинда кард.
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ тасреҳ карданд, ин таҳаввул, аммо бо вокуниш ҳамон қудратҳо мувоҷеҳ шудааст ва ин қудратҳо барои муқобила бо иҳёи маънавият даст ба ҳар коре мезананд.
Эшон бо баёни инки имом Хумайнӣ (раҳ.) ин корҳои бузургро ба пуштибонии кадом омили сахтафзорӣ ва нармафзорӣ анҷом дод? афзуданд: «имом омили кумаккунандаи сахтафзорӣ надошт, на пул дошт на хабаргузорӣ дошт на қудратҳои дунё ҳомии ӯ буданд.»
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба имони қавии имом Хумайнӣ (раҳ.) гуфтанд: Дар дидоре, ки шаҳид Мутаҳҳарӣ, ки худ мазҳари имон буд дар Порис бо имом дошт 4 имон шомили имон ба ҳадаф, имон ба роҳ, имон ба мардум ва муъминин, имон ба Худоро дар вуҷӯди имом Хумайнӣ дида буд.
Раҳбари муаззами инқилоб афзуданд: «Вақте имон ба Худоро дар масоили айнӣ ва мубориза бо истикбор мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳем ин имон, яъне имон ба ваъдаҳои Худованд, эътимод ба ваъдаи илоҳӣ аст, ки гоми мустаҳками имомро дар ин роҳ ба ҳаракат дар меоварад, имони имом ба ислом на имон ба исломи сармоядорӣ аст, на имон ба исломи равшанфикронаи аз ҳама ҷо бехабар.»
Хабар такмил мешавад.
342/